18:17 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Имзомонӣ, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои додани мақоми шаҳрак ба деҳаи Ховалинг

CC0 / Pixabay / epicioci
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки деҳаи Ховалинг, маркази ноҳияи Ховалинг, расман шаҳрак шуд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, деҳаи Ховалинг, ки маркази маъмурии ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёбад, ба яке аз мавзеъҳои аҳолинишини аз лиҳози иҷтимоиву фарҳангӣ муҳим табдил ёфта, рушди иқтисодӣ ва афзоиши шумораи аҳолии он торафт вусъат гирифта истодааст.

“Бо дарназардошти ин раванд, 8 июли соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он ба деҳаи Ховалинг мақоми шаҳрак дода шуд”, - изҳор дошт Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Ховалинг.

Раисиҷумҳур афзуд, ба истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг сохтмони зиёда аз 330 иншооту биноҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ, корхонаву коргоҳҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст ва корҳои ободониву бунёдкорӣ рӯз ба рӯз вусъат ёфта истодаанд.

Ӯ итилоъ дод, ки Ҳукумат дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Ховалинг аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ беш аз 400 миллион сомонӣ равона кардааст.

“Бо мақсади таъмин намудани рушди бомароми ноҳия дар се соли охир 122 миллион сомонӣ равона гардида, танҳо барои соли ҷорӣ беш аз 43 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ илова намуд, ки соли 2018 барои дастгирии соҳибкории хурду миёна аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ 5 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки назар ба соли 2017-ум 1,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

“Аммо ин нишондиҳанда дар муқоиса бо се-чор соли қаблӣ коҳиш ёфтааст, ки чунин ҳолат, пеш аз ҳама, натиҷаи фаъолияти номуназзами ташкилотҳои қарзӣ буда, зарур аст, ки камбудии мазкур ҳарчи зудтар бартараф карда шавад”, - дастур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ инчунин зикр кард, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ аз 12 корхонаи саноатии ноҳия танҳо 6 корхона фаъолият карда, дар онҳо ба маблағи ҳамагӣ 47 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 34 миллион сомонӣ ё 44 фоиз кам мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон чунин вазъро нигаронкунанда хонда, таъкид намуд, ки роҳбарони ноҳия ва масъулону мутахассисони корхонаҳо бояд тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Мавзӯъҳои асосӣ