Ҷасади 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи Рязан фавтиданд ба Ватан интиқол ёфтанд

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми рӯзи панҷшанбе ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ахиран дар як садамаи маргбор дар минтақаи Рязани Русия ба ҳалокат расиданд, тариқи ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз ҷумлаи 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари садама дар назди деҳаи Пичкиряевои вилояти Рязани Русия ба ҳалокат расиданд, тавассути ҳавопаймо ба Душанбе интиқол дода шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

“Шоми панҷшанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасадҳоро пайвандонашон супориданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Фельдшер станции скорой медицинской помощи  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷасади қурбониёни садамаи Рязан ба Тоҷикистон фиристода мешавад

Ёдрас мешавем, ки субҳи 6 август бар асари бархӯрди мусофирбари “Мерседес” бо худрави “Тойота” дар вилояти Рязан 6 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, аз ҳар ду мошин 8 нафар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Аз 14 то 45- сола: нашри руйхати қурбониёни садамаи Рязан

Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар садамаи мазкур - Назримова Назира Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2005, Насринова Гулдона- 1983, Саидов Абдуллоҳ Саидбекович - 1974, Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич - 1989, Халилов Ислом -1974, Муллоев Фирӯз Бурҳонович – соли таваллудаш 1977 ҷон бохтанд.

Навори садамаи пурқурбонӣ дар Рязан, ки ҷони 6 тоҷикистониро гирифт

Шаш шаҳрванди дигари Тоҷикистон аз ҷумла Аҳмадов Раҳмон Зоҳирович, Атоев Файзалӣ Файзуллоевич, Баротов Фурқат Зокирович, Алиев Самандар Валиевич ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0