Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон якқатор масъулини мақомоти қудратиро ҷо ба ҷо кард

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал баровард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар бинои Ҳукумат, зимни мулоқоти Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва низомӣ таъин гардиданд, таъкид гардидааст, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба таҷрибаи андӯхта, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, хизмати содиқонаву бенуқсон дар вазифаҳои қаблӣ ва дигар сифатҳои шахсии кадрҳои ҷавон бартарият дода мешавад.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Қодирзода Саъдӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барканор шуд

Ҳамин тавр, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Зикрихудо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озод ва Мирзозода Мусо Одинамуҳамад ба вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардид.

Хешҳоям ҳастанд: эътирофу шарҳи Каримзода дар бораи кори ҳамшаҳрию хешонаш дар гумрук

Ҳамчунин, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардида, ба вазифаи Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд ва сардори Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кадрҳои ботаҷриба, хатмкардагони ду ва ё зиёда муассисаи олии таълимоти низомии дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз интиқоди тунди Раҳмон: нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон парванда оғоз нашудааст

Тибқи Қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбуллозода Толиб муовини якум ва Соҳибзода Маҳмадкарим – муовини Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъин гардиданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф – муовини Котиби Шӯрои амният, Зуҳурзода Бахтиёр ва Раҳмонзода Ҷамшед – машваратчиёни Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ натиҷагирӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқона, поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат истифода кардани нерӯи ақлониву таҷрибаи касбкарда даъват намудааст.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, бахусус дастгирии занон дар вазифаҳои масъули давлатӣ минбаъд низ таваҷҷуҳу ғамҳорӣ зоҳир менамояд” – таъкид намудааст, Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтааст, ки барои болоравиии мансабӣ, ташаккули таҷрибаи корӣ, нишон додани натиҷаҳои назаррас аз ҳар як кадр тақозо мегардад, ки бо таҷрибаву дониши андӯхта қаноат накарда, пайваста омӯзанд, бо техника ва технологияи муосир кор карданро дар мадди аввал гузошта, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд.

Ба рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳони муосир баҳои объективӣ дода, таҷрибаи мустақилона қарор карданро доро бошанд.

Лентаи хабарҳо
0