07:18 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон бо 5 амр масъулини баландпояи Шӯрои амниятро барканору таъин кард

© Пресс-служба Президента Узбекистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2587 0 0

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, бархе аз масъулини баландпояи Шӯрои амниятро аз вазифа озод кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо баровардани панҷ амр масъулини Шӯрои амниятро  ҷо ба ҷо кард.

Ҳамин тавр, тибқи амри раисиҷумҳур, Ғаниев Шамсулло Саъдуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо амри дигари кишвардори Тоҷикистон, Файзуллозода Шараф Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба вазифаи нав - муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон якқатор масъулини мақомоти қудратиро ҷо ба ҷо кард

Дар баробари ин, Раҳмонзода Ҷамшед Ҷура, бо амри раисиҷумҳур, машваратчии шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуду, Зуҳурӣ Бахтиёр Сайдамирзод машваратчии шуъбаи амнияти иқтисодии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Президент раиси ноҳияи Ишкошимро аз вазифа озод кард

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо кадрҳои навтаъин аз фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ натиҷагирӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқона, поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат истифода кардани нерӯи ақлониву таҷрибаи касбкарда даъват намуда, гуфтааст, ки барои болоравиии мансабӣ, ташаккули таҷрибаи корӣ, нишон додани натиҷаҳои назаррас аз ҳар як кадр тақозо мегардад, ки бо таҷрибаву дониши андӯхта қаноат накарда, пайваста омӯзанд.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ