Файзов гуфт, мусулмон бояд чӣ хислатҳо дошта бошад

© © Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов мардуми кишварро бо Иди Қурбон табрик кардааст

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ёдгор Файзов дар номаи табрикотиаш, ки дар хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ нашр шудааст, Иди Қурбонро аз ҷашнҳои муқаддаси исломӣ ва суннатҳои писандидаи мардуми мусулмони дорои фазилат, ҳикмат ва воҷиботи хос, гуфтааст.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хатлон: садақа ба касоне, ки қудрати кор кардан доранд, ҳалол нест

Ӯ зикр кардааст, бояд донист, ки ин ҷашнвора рисолати созандагӣ ва ободонӣ, дӯстию бародарӣ бо ҳамдигар, поксозии қалбҳо, дастгирии ниёзмандон ва мустамандон, таҳкими ахлоқи ҳамида, ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизорикунии мавзеъу маҳалҳо, пос доштани хотири гузаштагон, арҷгузории падару модарон, аёдати беморону барҷомондагон, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва дигар фазилату хислатҳои некро дорад.

"Бинобар ин, ҳар як мусулмони покэътиқод бояд аз ин фазилатҳои Иди саиди Қурбон бархӯрдор бошад", - таъкид кардааст раиси вилоят.

Бинобар ин, ба мақсади амалӣ намудани фазилатҳои идона воҷиб аст, ки қурбонӣ ба ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои иҷтимоӣ тақсим карда шуда, маблағҳои садақаи қурбонӣ дар баробари расонидани кумакҳои хайриявӣ ба ниёзмандон, инчунин барои ободонӣ, таъмину тармими кӯчаю маҳалҳо ва иншооти иҷтимоӣ равона карда шавад, - афзудааст Файзов.

Файзов ҳамчунин ёдоварӣ кардааст, ки дар рӯзи ид дастархони камхарҷу маънавӣ ороста шуда, идгардаки кӯдакон зери назорати волидайн қарор гирад. 

Дар охир, Файзов ҳамаро бо иди саиди Қурбон табрик карда, ба ҳар як хонадонатон баракат, раҳмат ва махфирати ин Идро таманно кардааст.

Лентаи хабарҳо
0