Дучархасавори нобинои итолиёвӣ дар Тоҷикистон: аз тасвири нақби Анзоб то Помир-акс

© © из личного архива Давиде ВалаккиСлепой велосипедист из Италии Давиде Валакки путешествует по Центральной Азии
Слепой велосипедист из Италии Давиде Валакки путешествует по Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давиде Валаккӣ, дучархасавори нобино аз Итолиё ҳамроҳи ду дӯсташ – Самуэле ва Микеле, ки дар масири Рим – Пекин ҳаракат доранд, ба Тоҷикистон расиданд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Давиде Валакӣ, ки таассуроташро дар саҳифаи фейсбукии “I to eye” баён мекунад, аз ҳавои соф ва мардуми меҳмоннавозу самимии Тоҷикистон тавсиф намуд.

Валаккӣ ҳафтаи гузашта навишта буд, баъди Узбакистон водию ағбаҳоро паси сар карданду ба Душанбе расиданд.

Ӯ табиату мардуми Тоҷикистонро мафтункунанда хонда, аз сиёҳӣ дар ин роҳ – нақби Анзоб гуфтааст, ки ба тасвири ин сайёҳи нобино хоби буғикунандае дар роҳи ҳар дучархасавор мебошад.

“Ин нақб кобус - хоби буғикунандаи ҳар дучархасавор мебошад. Ҳудуди 6 километр нақби танги торик, бе дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ мебошад, ки гази мошинҳои дохили он одамро нафасгир мекунад. Бо дучарха гузаштан аз он хеле хатарнок буд, аммо хушбахтона баъди тайи масофае роҳгузарони меҳрубон моро савори мошинашон карданд”, - тасвир кардааст Валаккӣ.

Ӯ афзудааст, он панҷ дақиқаи мушкили нафасгирӣ дар тарафи дигари нақб подоши хубе дар намуди табиати тасхиркунанда - куҳу дарё ва ҳавои тоза дошт.

Ба суоли худ ва дигарон, ки чигуна як нобиное метавонад ин ҳама зебоиҳоро тасвир кунаду аз сайёҳат ҳаловат барад, Валаккӣ посух додааст, ки муҳимтарин барои ӯ шинохту ғанигардонии ботинӣ аз муошират бо дигарон дар роҳи сафараш мебошад. Дар мавриди манзараҳо изҳор доштааст, ки албатта биноӣ воситаи нахустин қабул дар бораи атроф мебошад, аммо бо гузашти замон воситаҳои дигари баҳо додану эҳсос кардани муҳиту манзараи атроф пайдо мешаванд.

© © из личного архива Давиде ВалаккиСлепой велосипедист из Италии Давиде Валакки путешествует по Центральной Азии
Дучархасавори нобинои итолиёвӣ дар Тоҷикистон: аз тасвири нақби Анзоб то Помир-акс - Sputnik Тоҷикистон
Слепой велосипедист из Италии Давиде Валакки путешествует по Центральной Азии

Ӯ гуфт, чунин воситаҳои дарки атроф тақрибан дар ҳама ҳастанд, танҳо қобилияту хоҳиши эҳсос кардани онро бояд дошт. Валаккӣ гуфтааст, аз садои шамол метавон шакли куҳҳои атроф, аз бӯи ҳаво метавон сабзӣ ё хушкии муҳит, аз садои рӯди куҳӣ метавон самти водӣ ва ғайраро муайян кард.

Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз Анталия то Русия ба Тоҷикистон меоянд: имзои 40 санади ҳамкорӣ дар риштаи ҷаҳонгардӣ

Ин се дӯст бо хоҳиши Валаккӣ ҳаракаташонро бо дучархаҳо аз Рим оғоз карда, тариқи Словакия, Юнон, Сербия, Туркия, Эрон, Туркманистон ва Узбакистон ба Тоҷикистон расида, феълан дар Помир мебошанд.

Давиде Валаккӣ аз Помир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин беҳтарин таҷрибаест, ки ӯ дар зиндагияш дошт.

“Чигуна ман бе ин саргузаштҳо зиндагӣ мекардам? Ин ҷо ҳар рӯз саргузаште дорам. Худро дар қуллаи ҷаҳон эҳсос мекунам”, - изҳор дошт Валаккӣ.

Самуэле, дӯсти Валаккӣ изҳор дошт, ки “мо феълан дар Помир, яке аз зеботарин ҷойҳои ҷаҳонем. Хеле мардуми меҳрубон дорад, ки барои роҳати меҳмон ҳар корро мекунанд. Куҳу сабза, ҳавои тоза, оби мусаффои ҷилодори кӯлҳо. Давиде ин ҳама зебоиро намебинад, аммо эҳсос мекунад”.

Се дӯст ният доранд, ки бо тай кардани Роҳи Абрешим моҳи октябри соли равон сафарашонро бо дучарха дар Пекин анҷом диҳанду бо ҳавопаймо ба Итолиё баргарданд. Ҳадаф доранд, ки дар пойтахти Чин дучархаҳояшонро ба Федератсияи варзишкорони нобинои ин кишвар туҳфа кунанду бо ин иқдомашон тарзи ҳаёти солимро миёни афроди имкониятҳояшон маҳдуд тарғиб намоянд.  

Лентаи хабарҳо
0