07:12 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Аёдати Раҷаббой Аҳмадзода аз шоир Мирзоаҳмади Ҷўразод

Раиси вилояти Суғд идгардак кард: Аҳмадзода ба аёдати шоир Мирзоаҳмади Ҷӯразод рафт

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
301 0 0

Дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Қурбон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба дидори чанд собиқадори меҳнат ва шахсони ниёзманд рафта, ба онҳо кумакҳои модӣ супорид

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд нахуст ба манзили Русола Самадова, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов рафта, ӯ ва аҳли оилаашро ба муносибати Иди Қурбон табрик кард.

Манбаъ таъкид дошт, ки Русола Самадова давоми 40 сол дар колхоз фаъолият бурда, ҳамчун пахтакори соҳибтаҷриба дар вилоят шинохта шудааст.

Аҳмадзода ба хонаи Каримҷонов ва Бегматова рафт

Сипас Раиси вилоят сокини дигари ноҳия Раъно Холматоваи 55 соларо, ки маъюби модарзод аст, аёдат карда, дар аснои суҳбат зикр дошт, ки давлату Ҳукумат ба ҳаёту фаъолияти маъюбону ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир месозад.

“Маъюбону ниёзмандон набояд худро танҳову бекас эҳсос намоянд, зеро роҳбарияти мамлакат барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад”, - гуфт Аҳмадзода.

Тақдими кӯмакпуливу маводи ғизоӣ: Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони маъюбу ятим рафт

Ҳамзамон, раиси вилоят ба шаҳри Бӯстон рафт ва аз ҳоли собиқадори меҳнат ва шоири ваҳдатсаро Мирзоаҳмади Ҷӯразод хабар гирифт.

Мирзоаҳмади Ҷӯразоди 85-сола аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ намуда, барои ғамхориҳои ҳамешагӣ сипосмандии худро баён кард.

Барчаспҳо:
шоир, аёдати куҳансарбозон, аёдати собиқадорон, аёдати собиқадор, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ