18:23 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Кохи Малика дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Амир Исаев

Беш аз нисфи истироҳаткунандагон дар Тоҷикистон аз Узбакистонанд

Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон дар пайи соли сайёҳӣ эълон шудани соли 2018 ба маротиб афзуд

Бахтиёр Саидов, масъулини минтақаи истироҳатии “Кохи Малика” изҳор дошт, ки дар пайи соли сайёҳӣ эълон шудани соли 2018 теъдоди гардишгарон дар кишвар афзоиш ёфт.

Анҷумани байналмилалии сайёҳӣ – Тоҷикистон, ки ахиран дар Душанбе анҷом ёфт, ширкатдорони бозори сайёҳиро ба ҳам овард. Дар ҳошияи ҳамоиш Бахтиёр Саидов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ташрифи гардишгарон ба кишвар ҳам аз хориҷи дур – ИМА ва Аврупо ва инчунин аз кишвари ҳамсоя - Узбакистон бисёр шуд.

“Теъдоди истироҳаткунандагон дар Кохи мо афзоиш ёфт. Махсусан кушодани марз теъдоди истироҳаткунандагон аз Узбакистон, аз ҷумла Самарқанду Тошканд бисёр шуд. Феълан ҳудуди 50 дарсади истироҳаткунандагон хориҷиянд ва аз миёни онҳо ҳудуди 30 дарсадашон аз Узбакистон мебошанд”, - изҳор дошт Саидов.

Ӯ афзуд, ки махсусан дар рӯзҳои ҷумъа то якшанбе теъдоди истироҳаткунандагон махсусан зиёд мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ