09:25 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Пыльная буря в Душанбе

Ҳавои номусоид, шамол ва чангу ғубор: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 14 то 16 август дар ҷумҳурӣ ҳаво метавонад номусоид шавад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино бар иттилои маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ шамолу чангу ғубор боқӣ мемонад.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 5-8 дараҷа дар назар дошта шудааст.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 17+19 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Пешбини мешавад, ик тӯфони чангу ғубор ба амал меоя. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Душанбе, номусоид, обу ҳаво, чангу ғубор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ