Гӯшт арзон мешавад: Ҳукумати Тоҷикистон роҳи ҳалли онро пайдо кард

© Sputnik / Стас ЭтвешМясо на рынке, архивное фото
Мясо на рынке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки барои таҳвили хӯроки чорво ва воридоти ҳама намудҳои чорвои зотӣ имтиёзҳо пешниҳод кунанд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тоҷикистон акнун воридоти чорво ва хӯроки онро аз андоз ва арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мекунад, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

"Ҳукумати Тоҷикистон чунин тасмимгириро ба хотири коҳиш додани арзиши гӯшт дар бозодҳои кишвар рабт медиҳад. Ҳамакнун, ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмини хӯроки чорво ва воридоти ҳама намудҳои чорвои зотиро, ки барои истеҳсоли гӯшт, шир ва пашм пешбинӣ шудаанд, имтиёзҳо фароҳам овардаст", - омадааст дар хабари манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт бисёр гарон буда, дар арафаи Иди Қурбон боз ба якборагӣ қимматар шуда то ба 60-65 сомонӣ расид.

Иди Қурбон: нархи гушт ба 60 сомонӣ расид

Дар маҷмӯъ бошад арзиши ин навъ маҳсулот дар бозороҳои Тоҷикистон тахминан 52 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд - 50 ва мурғӣ 23 сомониро ташкил медиҳад.

Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон омили якбора гарон шудани гӯштро дар кишвар ба қиммат шудани хӯроки чорво рабт доданд.

Лентаи хабарҳо
0