13:54 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Верни Освалдо Сомил, сайёҳи итолиёвӣ ва кормандони милисаи сайёҳии Тоҷикистон

Ҷузвдон гум шуду мотосикл шикаст: кумак ба сайёҳи итолиёвӣ дар Тоҷикистон

акс аз сомонаи ВУД Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
394 0 0

Верни Освалдо Сомил, сайёҳи итолиёвӣ, ки ҷузвдонашро дар роҳи Душанбе – Хуҷанд гум кардаасту мотосиклаш вайрон шудааст, аз идораи милиса дар умури сайёҳӣ муроҷиат кардааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии, Верни Освалдо Сомило, шаҳрванди 60-солаи шуъбачаи милисаи сайёҳӣ занг зада, арз доштааст, ки ҷузвдонашро дар роҳи Хуҷанд-Душанбе гум кардааст. Сайёҳ афзудааст, ки инчунин мотосиклаш низ вайрон шудаасту ёрӣ хостааст.

“Дар натиҷа, кормандони милитсияи сайёҳӣ ба Верни Освалдо Сомило ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ расониданд ва мототсикли ӯро таъмир намуда, то гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Панҷакент бо автомашинаи хизматӣ бурда расониданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Худи сайёҳ дар наворе, ки ВУД нашр кардааст, изҳор доштааст, ки аз Итолиё бо мотосиклаш қасди сафари Помирро дошт, аммо мотосиклаш куҳна асту дар роҳ шикаст.

Ба гуфтаи Освалдо Сомило бимаи итолиёвӣ хисороташро ҷуброн накард ва ӯ намедонист чӣ кор кунад.

Ӯ афзуд, ки сипас ба идораи милисаи сайёҳӣ муроҷиат карда, маъмурини ин ниҳод мушкилашро ҳал кардаанд ва то берун баромадан аз сарҳад кумак намуданд. Вай илова кард, ки феълан ба Самарқанд раҳсипор асту тасмим дар бораи сафари минбаъдаро дар ин шаҳр хоҳад гирифт.

Освалдо Сомило бо изҳори миннатдорӣ ба маъмурини милисаи сайёҳӣ таъкид намудааст, ки ҳатман соли оянда боз ба Тоҷикистон хоҳад баргашт.

Мавзӯъҳои асосӣ