Маркази “Ваҳдати оила” дар Хуҷанд барои вайрон нашудани оилаҳо талош хоҳад кард

© pixabayСсора, архивное фото
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назди кумитаи иҷроияи ҳизби ҳоким дар шаҳри Хуҷанд маркази “Ваҳдати оила” таъсис ёфтааст, ки барои пешгирии пошхӯрии оилаҳо дар маҳаллаҳо талош хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бино бар иттило дафтатари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ахиран дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маркази “Ваҳдати оила” таъсис дода шуд, ки бо мақсади таҳкими оила дар ҷомеа нигаронида шудааст.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ахиран аъзои ин марказ, нахустин ҷаласаи Шӯроро баргузор карданд.

Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи кор ба занон: "аз баъзе урфу одатҳои куҳнашуда мебояд даст кашид"

Зимни ҷаласа зикр гардидааст, ки ҳизби ҳоким масоили марбут ба оиларо дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, барои ҳимояи оила ва манфиатҳои он, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва баробарии гендерӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Кадом оилаҳо ҳуқуқ доранд аз Ҳукумати Тоҷикистон кӯмакпулӣ гирад?

Ҳамзамон, манбаъ қайд намудааст, ки собиқадорони ҳизб Мукаррама Неъматова, Хайриниссо Темирова ва Сабоҳат Бобоҷонова барои  баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо суханронӣ карданд.

Таъкид шудааст, ки маркази навтаъсиси “Ваҳдати оила” бо ҷалби занони фаъоли ҷомеа барои пешгирии пошхӯрии оилаҳо дар маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода, барои таҳким ва пойдории оила фаъолият хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0