10:00 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Таджикские школьники на линейке первого сентября

Аз 170 то 190 сомонӣ: нархи пӯшоки мактабӣ дар Ҳисор

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
266 0 0

Беш аз 100 ҳазор нафар хонандагони Ҳисору Турсунзода ва Шаҳринаву Рӯдакӣ бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин мегарданд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. То имрӯз 52 ҳазору 166 нафар хонандаи ин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон  бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин шудаанд.

Имрӯзҳо корхонаҳои  дӯзандагии   ҶДММ «Нассоҷии тоҷик»-и шаҳри Душанбе, ҶДММ «Дилшод», ҶДММ «Таъминот 2013», корхонаи дӯзандагии «Азиз-компания», коргоҳи дӯзандагии Умеда Абдуллоева,  ҶДММ «Фаррух КО»,  корхонаи  дӯзандагии «Машҳур», ҶДММ «Ахтарони Вахш» ва корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабии «Даҳбед», «Нури ирфон», «Шарофат», «Коллеҷи омӯзгорӣ»-и шаҳри Ҳисор дар асоси шартномаҳои баста бо  муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода  дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур ярмарка-фурӯши либоси ягонаи мактабӣ доир намуда истодаанд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаҳои маориф, корхонаҳои мазкур дар соли хониши 2019-2020 ба 110 ҳазору 210 нафар хонандагони мактабҳои Турсунзодаю Ҳисор ва Рӯдакию Шаҳринав  бояд бо нархҳои дастрас  либосҳои босифати ягонаи мактабӣ   пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз 52 ҳазору 166 нафар хонандаи ин шаҳру ноҳияҳо  бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин шудаанд.

Инчунин корхонаҳои мазкур хонандагони ятими кулл, нимятим, камбизоат ва хонандагони мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мазкурро ройгон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамоянд.

Корхонаи дӯзандагии “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор ба дӯхтани либосҳои мактабӣ ва тавсиявӣ машғул буда,  соли 2019 ба 10 000 нафар хонандагони  20 муассисаи таълимии деҳоти шаҳри Ҳисор либоси ягонаи мактабиро  бо нархҳои аз 170 то 190 сомонӣ пешниҳод намуд.  Корхона бо таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ муҷаҳҳаз буда, дар он 17 нафар занону бонувони шаҳри Ҳисор фаъолияти доимӣ доранд.

Дӯзанда Гулрухсор Икромова мегӯяд, ки “баъди ташкили ин корхона дар шаҳри Ҳисор мо, занони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидем. Дар баробари ин мутахассисони варзида аз вилояти Суғд нозукиҳои дӯхти либосҳои мактабиро ба мо омӯзонданд. Ҳоло  мо ба ҳайси мутахассисони ботаҷриба ба воситаи Раёсати шуғли аҳолии шаҳр ба занону бонувони бекор нозукиҳои ин касбро меомӯзонем”.

Масъулини корхонаи дӯзандагии “Даҳбед” гуфтанд, ки соли 2018 зиёда аз 150 нафар хонандагони ятиму бепарастору камбизоатро   ройгон бо либоси мактабӣ таъмин намудаанд ва ин амалро имсол низ идома хоҳанд дод.

Мавзӯъҳои асосӣ