11:56 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Обуҳавошиносони Тоҷикистон имрӯз пешгӯӣ карданд, ки дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино бар иттилои маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон, обу ҳавои пойтахти кишвар камабру бебориш шуда, ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаву бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳавои Суғд, ки имрӯз раисҷумҳур ба ин минтақа сафари корӣ дорад тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+16 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Суғд, ҳавои тағйирёбанда, Душанбе, борони кӯтоҳмуддат, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ