04:03 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Архитектурная концепция зданий расположенных по улице Айни, согласно реализации Генерального плана г. Душанбе

Мудерн ва осмонбӯс: Рустами Эмомалӣ Душанберо дигар мекунад - акс ва видео

© Facebook / Архитектура Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
96210

Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12 ошёна буда, дар онҳо бунёди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе иншооти нав, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мешаванд.

Аз ҷумла, дар ин давра Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ, ки дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст, аз буриши кӯчаи "Дӯстии  халқҳо" то майдони Ғалаба амалӣ мешавад.

Архитектурная концепция зданий расположенных по улице Айни, согласно реализации Генерального плана г. Душанбе
Архитектурная концепция зданий расположенных по улице Айни, согласно реализации Генерального плана г. Душанбе

Тавре аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ "Ховар" хабар доданд, Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз 50  бинои  дар ин мавзеъ сохташаванда  19 бинои баландошёнаи  он  дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд.

Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12 ошёна буда, дар онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои  бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ  ва   шабакаи  обу корез ба нақша гирифта  шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳамин кӯча биноҳои нави маъмурии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд. Тибқи дурнамо, сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст.

Дар ҷои  пештараи маркази савдои  "Олами китоб" -и ноҳияи Шоҳмансур марказҳои   замонавии  иборат аз 18 то 20-қабата бунёд мегарданд, ки сохтмони  онҳоро ҶДММ  "Шаҳри зебои мо" ба уҳда дорад. Дар қабатҳои 1-2-юми  ин биноҳо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дар  қабатҳои болоии он  ҳуҷраҳои истиқоматӣ бунёд мегарданд.

"Ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элит-стройсервис" бинои бисёрҷабҳаи серошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бунёд менамояд",- иттилоъ дод манбаъ.

Айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16-ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназиранд,  анҷом ёфтааст.

Хотиррасон менамоем, ки  5 июл раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши кӯчаи "Дӯстии  халқҳо" то майдони Ғалаба шинос гардид.

Раиси шаҳр амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинони пойтахт муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки сохтмони иншоот дар муҳлати муайяншуда, бо сифати баланд ва риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида  шавад.

Рустами Эмомалӣ ба масъулин инчунин ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии атроф, инчунин ба инобат гирифтани инфрасохтори зарурӣ, аз қабили хатҳои обу корез, барқу гармидиҳӣ, низоми муосири партовпартоӣ, воситаҳои хизматрасонии дохили биноҳо супоришҳои мушаххас  дод.

Барчаспҳо:
зебо, нав, биноҳо, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ