20:38 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Турист фотографирует пейзажи

Дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ озмун эълон карда шуд

© Sputnik / Игорь Онучин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри боз ҳам равнақу ривоҷ ёфтани он озмун эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон миёни ҳунармандон, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявиро эълон кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.

Тавре манбаъ қайд намудааст Кумита озмунҳои мазкурро бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри боз ҳам равнақу ривоҷ ёфтани он, инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, муаррифии миллату давлати тоҷикон ба ҷаҳониён ва татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 миёни ҳунармандон, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявиро эълон намудааст.

SIM-корти ройгон, барномаи мобилӣ ва шиносномаи сайёҳӣ: шарҳи милитсияи сайёҳӣ

Кумитаи рушди сайёҳӣ қайд намудааст, ки байни ҳунармандони кишвар озмун доир ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, “Мақолаи беҳтарин” таҳти унвони “Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ” ва озмуни “Таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ” ташкил эълон шудааст.

Афзоиши гардишгарон ва ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, ки яке аз ҳадафҳои озмун миёни ҳунармандони кишвар таҳияи армуғони арзанда бо истифода аз рамзи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, мавзеъҳои сайёҳии “Ҳулбук”, “Чилдухтарон” ва “Сари Хосор” мебошад.

Кумитаи сайёҳӣ таъкид намудааст, ки муҳлати қабули маводҳо  то 1 декабри соли равон идома хоҳад ёфт.

Барчаспҳо:
рушди соҳаи сайёҳӣ, озмун, Кумитаи сайёҳӣ, сайёҳӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ