11:29 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсараш дар Боғи Ваҳдат

Мевачинии Раҳмон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар "Боғи Ваҳдат" - акс

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (221)
132801

Дирӯз, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҳамсар ва набераҳояш аз Муассисаи давлатии "Боғи миллии Ваҳдат" боздид кардааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои меҳнаткашон ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошно шудааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар намоиш навъҳои беҳтарини меваҷот, сабзавот ва полезӣ, аз қабили себ, шафтолу, нок, анҷир, олу, пиёз, қаланфур, помидору бодиринг, каду ва тарбузу харбуза ба маъраз гузошта шуд, ки аксари онҳо маҳсулоти "Боғи миллии Ваҳдат" аст.

Ёдовар мешавем, ки “Боғи миллии Ваҳдат” 20 марти соли 2008 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд ва имрӯз он ба як мавзеи дилфиреб ва макони ризқофарии марди деҳқон мубаддал гардидааст.

"Раҳмон бо фарзандон ба чиниши себ ва олу дар "Боғи миллии Ваҳдат" оғоз бахшиданд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Майдони умумии боғи мазкур 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он, аз ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Дар муассисаи давлатии боғи миллӣ бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад. Дар ин ҷо 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи набераҳояш
Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи набераҳояш

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин кишвардор дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бо вазъи моҳипарварӣ, ки дар се кӯли масоҳаташ 0,35 гектар роҳандозӣ гардидааст, шинос шудааст.

Дар ҳавзҳои он барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳиҳои навъи “пешонағафси сиёҳ ва ало”, “карп” ва “амури сафед” сар дода шудаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар Боғи Ваҳдат
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар "Боғи Ваҳдат"

Дар қисми дигари "Боғи миллии Ваҳдат", раисиҷумҳкр, ба чиниши олу оғоз бахшидааст.

Котиботи президент мегӯяд, айни ҳол аз Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои ИДМ, Чин ва дигар давлатҳо меваю полезӣ ва сабзавоти тару тоза содирот мегардад. Аз ин ҳисоб шаҳрвандони мамлакат даромади соф гирифта, рӯзгори хешро беҳтар месозанд.

Бо дарки ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боғҳои кӯҳна барқарор ва боғоти интенсивии меваҳои содиротӣ афзун мегарданд.

Баъди шиносоӣ бо вазъи боғоти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид додааст.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (221)
Барчаспҳо:
Суғд, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ