16:20 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.46
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Ба Тоҷикистон аз кишварҳои гуногун кумакҳои башардӯстона дар навъи доруҳою воситаҳои табобатӣ ва молҳои озуқаворӣ равона шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз ба Тоҷикистон 47 кишвари гуногун кумакҳои башардӯстона расонидаанд, иттилоъ додааст агентии омори Тоҷикистон.

Кумакҳои башардӯстона тайи 7 моҳи соли ҷорӣ аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон баробар ба 35,4 миллион доллар ворид шуданд.

Дар ҳаҷми умумӣ ҷумҳури зиёда аз 13,5 ҳазор тон кумакҳои башардӯстона аз кишварҳои хориҷ қабул кардааст.

Дар ин муддат ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона орд, равғани растанӣ, доруворӣ, воситаҳои табобатӣ ва ғайраҳо ворид гардидаанд.

Тайи 7 моҳи соли ҷорӣ аз ҳама бештар Русия (34,8 дарсад аз ҳаҷми умумӣ) дасти кумак дароз кардааст. Дар ҷойи дуюм Чин (30,7 дар сад аз ҳаҷми умумӣ) ва дар ҷойи 3 Швейтсария (8 дар сад) қарор гирифтаанд.

Барчаспҳо:
маводи доруворӣ, кишвар, башардӯстона, кумак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ