18:23 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
29110

Ахиран масъулини “Тоҷикстандарт” дар бозори “Корвон” бо соҳибкорону фурӯшандагони дар робита ба риояи қоидаҳои савдо ва пешгирӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат дидору гуфтугӯ карданд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти “Тоҷикстандарт” хбар додааст, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон, тақвият додани ҳамкорӣ, риояи қоидаҳои савдо ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозори истеъмолӣ  27 август дар “Бозори Корвон” мулоқоти  роҳбарият ва масъулони Агентии “Тоҷикстандарт” бо соҳибкорону фурӯшандагони  бозор баргузор шуд.

Зимни дидору гуфтугӯ роҳбарияти Ожонсии “Тоҷикстандарт” оид ба масъалаҳои риояи қоидаҳои савдо, бо либоси ягонаи корӣ пурра таъмин будани фурӯшандагони нуқтаҳои савдо, истифодаи тамғаҳои молии дигар ширкатҳо, бе сертификати мутобиқат ба савдо баровардани маҳсулот, одоби муошират бо истеъмолкунандагон, дар даромадгоҳҳо, роҳравҳо ва ҷойҳое, ки барои савдо муқаррар нашудааст, ба савдо машғул нашудан, таъмин нагаштани иҷрои талаботи Стандарти давлатии “Хизматрасонӣ дар бозор” табодули назар карданд.

Дар самти риоя нашудани қоидаҳои савдо ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, ки аксаран аз хориҷи мамлакат ворид мешаванд, аз таъкид карда шуд, ки ҷарима кардану ба ҷавобгарӣ кашидан роҳи ҳалли ин масъалаҳо нест.

“Мо бояд пеш аз ҳама, масъулиятшиносу боинсоф бошему талаботи савдоро риоя намоем ва дар охир манфиати шахсии худро аз манфиати ҷомеа болотар нагузорем”,- қайд намудаанд масъулини “Тоҷикстандарт”.

Ҳамзамон зимни мулоқот бо соҳибкорон доир ба мушкилоти дар фаъолият ҷойдошта, тақвият додани ҳамкорӣ бо мақомот, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи бозори истеъмолӣ, муносибати нозирони давлатӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта суҳбати ошкоро доир гардида, соҳибкорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки иқдоми мазкур барои ба низом даровардани вазъи бозору нуқтаҳои савдо, таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ мусоидат хоҳад кард.

Барчаспҳо:
мулоқот, Оҷонсии Тоҷикстандарт, соҳибкор, бозори "Корвон", "Корвон", бозор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ