11:27 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото

Президент ба Шукурҷон Зуҳуров Ордени “Зарринтоҷ” тақдим кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
229 0 0

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I тақдим кард

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Президенти кишвар хабар додааст, бо фармони Президенти Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Тоҷикистон бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.

Ёдра мешавем, ки имрӯз дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар шаҳри Маскав ба муносибати 240 солагии Донишгоҳи давлатии заминсозӣ дар як маросими бо тантана Кӯи Номдорон ифтитоҳ ёфт.

Дар Кӯи Номдорон нимпайкараҳои 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия гузошта шудааст. Миёни 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой гирифтааст.

Зимнан, Шукурҷон Зуҳуров аз нахустин чеҳраҳои сиёсии фаъоли Тоҷикистон аст, ки дар замони зиндагиаш дар Маскав, пойтахти Русия нимпайкарааш гузошта шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, соли 1976 Академияи идоракунии Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ — заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм карда буд.

Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, тақдим, медал, орден, Шокирҷон Зуҳуров, Зуҳуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ