Пляж ва аквапарк: Эмомалӣ Раҳмон кӯли "Душанбе" - ро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и мэр города Душанбе Рустам Эмомали
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Воридшавӣ ба ҳудуди Маркази фароғатӣ бо истифода аз тасмачаҳои махсуси электронӣ сурат мегирад, ки ба истироҳаткунандагон имконияти истифода бурдани тамоми иншооти марказро фароҳам месозад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе”-ро пас аз азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо шароити истироҳат дар кули “Душанбе”, аз ҷумла мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кул ва дигар иншооти фароғатии ин ҷо шинос шуданд.

Котибот ёдоварӣ карда, ки 9 ноябри соли 2017 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президент ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам бо лоиҳаҳои азнавсозии “Кули Варзоб” ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуда, барои сохтмони Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” санги асос гузоштанд.

Ифтитоҳи боғи Кӯли ҷавонон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шоми раисиҷумҳур дар "Кӯли ҷавонон": Раҳмон навсозии боғи 78-соларо писандид (АКС)

Кӯли "Душанбе" пас аз бозсозӣ

 

Тибқи иттилои манбаъ, барои истироҳати хуши калонсолон дар кул нақлиёти обӣ - гидросиклҳо ва катамаранҳо истифода бурда мешаванд.

Масоҳати Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” пеш аз азнавсозӣ 13 гектарро ташкил медод. Бо васеъ намудани ҳудуди Маркази истироҳатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави истироҳатӣ масоҳати он ба 17 гектар расонида шуд.

Дарвозаи даромадгоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” бо нақшу нигор ва услуби хоса ороиш дода шуда, ҳудуди он бо панҷараҳои ороишӣ иҳота карда шудааст.

Марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи кишвар хизмат расонад.

Воридшавӣ ба ҳудуди ин Маркази фароғатӣ бо истифода аз тасмачаҳои махсуси электронӣ сурат мегирад, ки ин ба истироҳаткунандагон имконияти истифода бурдани тамоми иншооти марказро фароҳам месозад.

Дар қисмати шимолу шарқии Марказ ду таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои марказ пурра асфалтпӯш гардидааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустами Эмомали ознакомились с ходом строительства эстакады - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳод ба Ҳукумат барои ташкили сайри Душанбе бо киштиҳои обӣ (АКС)

Дар ҳудуди Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳӣ 3 бинои нав бо санъати меъмории хоса сохта шудааст.     

Дар саҳни ҳавлӣ ду фаввораи рақсон бо истифода аз мусиқиҳои ҷаззоб ва тасвирҳои рангоранг қомат афрохта, ҳамзамон шаршара бо истифода аз сангҳои азимҷусса сохта шудааст.

Дар қисми шимолу шарқии кул бинои якошёна қомат афрохта, дар он тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир аст, ки дар як вақт имконияти қабули 700 нафар меҳмонро ҳам дар дохил ва ҳам дар саҳни ҳавлӣ доранд. Ғайр аз ин, дар ин бино ҳуҷраҳои иҷораи катамаран, флейборд ва гидросикл ҷойгир мебошад.

Обанбори кули “Душанбе” масоҳати 6,5 гектарро дар бар гирифта, ба он оби софи равон ворид мешавад ва сифати он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар қисми шимолии соҳил ҷой барои оббозӣ, ки бо тӯр ҷудо шудааст, дар қисмати шарқӣ бошад, ҷой барои истироҳату фароғати гурӯҳиву оилавӣ бо катҳои алоҳида ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо ҳуҷра барои ивази либос таъмин гардида, дар онҳо имконияти дастрасии мустақим ба соҳили кул фароҳам аст.

Соҳили кӯл аз қуми махсуси баҳрӣ, ки аз шимоли кишвар оварда шудааст, руйпуш гардида, ба саломатии инсон манфиатовар мебошад.

Рахмон и Рустам Эмомали дали старт строительство туристических здание - Sputnik Тоҷикистон
Иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ барои ҷалби гардишгарон ба Тоҷикистон

Дар баробари ин барои истироҳаткунандагон ва дӯстдорони бозиҳои обӣ трамплинҳои варзишӣ барои ҷаҳидан ба об сохта шуда, онҳо метавонанд аз катамаранҳо, флейборд ва гидросиклҳо истифода баранд.

Дар гирди кул дар масофаи 2000 метр пайроҳа барои давидан ва велосипедронӣ ташкил шуда, дар ҷойи махсус таваққуфгоҳи велосипедҳо сохта шудааст.

Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” велосипедҳои дучарха ва чорчархаро барои истифодабарӣ дар ҳудуди кул пешкаши сокинону меҳмонон намудааст.

Барои нафароне, ки худашон маҳорати пазандагӣ доранд ва мехоҳанд хӯрокро бо дасти худ омода созанд, дар минтақаи истироҳати оилавӣ дар наздикии кул катҳо мавҷуданд, ки аз он метавонанд истифода баранд.

Боғи ҳайвонот

Дар қисми шимолу ғарбии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” боғи ҳайвонот сохта шудааст, ки дар он беш аз 50 навъи ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, даррандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Аквапарк

Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе”-ро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар ҷойгир буда, чун намунаи муосири беҳамто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад.

Фаввораҳо душанбегиҳоро салқин мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
Наздиктар ба фаввораҳо: ҷои дӯстдоштатарини душанбегиҳо дар гармӣ

Аквапарк аз 5 маҷмааи истироҳатӣ -  ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад.

Ҳавзҳо дорои системаи махсуси поккунии об буда, тавассути насосҳои филтркунанда вазъи санитарии об пурра таъмин мегардад.

Дар ин парки обӣ зиёда аз 16 навъи атраксионҳои обӣ васл карда шудааст, ки дар кишвар бори аввал аз Туркия вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд ба монанди спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер.

Лоиҳакаши Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ” мебошад.

Баъди шиносоии пурра бо Маркази истироҳатию фароғатии Кули “Душанбе”,  Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ба соҳибкорон барои дастгирии ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро намунаи ибрати шоистаи номидааст.

Лентаи хабарҳо
0