Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

© alsudiz / PixabayПрогноз погоды
Прогноз погоды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо  суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм ва дар шарқи вилоят  шабона 3-8 ва  рӯзона 15+20  дараҷа  гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Девушка в сарафане - Sputnik Тоҷикистон
Хушхабар: ба Маскави хунук гармии деринтизор меояд

Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона  20+25  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 12+17  ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо   суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 12+17 ва  рӯзона 30+32  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0