02:30 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Заключенный. Архивное фото

Парлумони Тоҷикистон пурзӯр намудани ҷазо барои шиканҷаро баррасӣ кард

© Sputnik / Владимир Песня
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
119 0 0

Имрӯз дар Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон” бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон” дар самти ҳуқуқи инсон баррасбӣ шуд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раӣёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун дар бораи пурзӯр намудани ҷазо барои шиканҷа ва пешгирӣ намудани он баррасӣ шуд.

Тавре дафтари матбуоти Парлумони Тоҷикистон хабар додааст, лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон” бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон” дар самти ҳуқуқи инсон ҷиҳати пурзӯр намудани ҷазо барои шиканҷа ва пешгирӣ намудани он таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз зимни ҷаласаи, ду созишнома бо ҶСП “Тоҷиксемент” ва “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед”-и Чин низ баррасӣ шуд.

Дар Тоҷикистон намоишгоҳи қурбониёни шиканҷа баргузор мешавад

Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар имрӯз дар ҷаласаи Шӯро созишномаи  сармоягузорӣ  байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСП “Тоҷиксемент” доир ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта баррасӣ шуд.

Инчунин дар ҷаласаи шӯро созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед”-и Чин доир ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони “Якҷилва”-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Барчаспҳо:
баррасӣ, лоиҳа, қонун, парлумон, шиканҷа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ