10:39 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сокинони навоҳии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Бонки ҷаҳонӣ теъдоди шаҳрнишинҳою деҳотиёни Тоҷикистонро гуфт

© Фото : Nazir Abbas
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Бонки ҷаҳонӣ гузориш додааст, ки шаҳрнишинҳо дар Тоҷикистон камтарин дар қиёс бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мебошанд ва аксари тоҷикистониҳо деҳотиянд

ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Пасттарин сатҳи шаҳрнишинӣ дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст, гузориш медиҳад ТоҷикТА бо такя ба Бонки Ҷаҳонӣ.

Манбаъ бо такя ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ – “Кумак ба тавони рушди Тоҷикистон”, танҳо 27 дарсади мардуми кишвар шаҳрнишин мебошанд. Коршиносони бонк таъкид мекунанд, ки аксарияи аҳолии Тоҷикистон деҳнишин мебошанд .

Созмонҳои байналмилалӣ иброз мекунанд, ки ҳарчанд беш аз 53 дарсади мардуми қобили кор дар кишоварзӣ машғули коранд ва чаҳоряки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз кишоварзӣ ташаккул меёбад, ҳамагӣ 7 дарсади замини Тоҷикистон қобили киштукор аст.

Беш аз 70 дарсади мардуми кишвар дар деҳ зиндагонӣ мекунанд ва корҳои мавсимӣ ва дар аксари ҳол кишту кор дар панбазорҳо ягона корест, ки барои он музд медиҳанд.

Қаблан Ожонси омори Тоҷикистон бо нашри раддабандии музди кор дар бахшҳои гуногуни кишвар, кормандони хоҷагии қишлоқро аз ҷумлаи онҳое хонд, ки пасттарин маош мегиранд.

Барчаспҳо:
деҳот, шаҳр, аҳолӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ