Раҳмон ба фаъолони ВМКБ мукофотҳои давлатӣ фиристод

© Котиботи раиси ВМКБТақдими мукофот ба фаъолони ВМКБ
Тақдими мукофот ба фаъолони ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 28-солагии истиқлолияти давлатӣ ба кормандони давлатӣ ва собиқадорони ВМКБ мукофотҳо фиристодааст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 28 умин солгарди истиқлолият, ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Бино ба гузориши котиботи мақомоти иҷроияи ВМКБ, Зокирзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми вилоятро бо 28 умин солгарди истиқлол табрику муборакбод гуфтааст.

Ёдгор Файзов дар суханронии худ қайд кардааст, ки ВМКБ дар тӯли 28 соли Истиқлолият ба бисёр дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид.

"Таҳти роҳбарии хирадмандонаи  Эмомалӣ Раҳмон симои вилоят ба куллӣ тағир ёфтааст. Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар дасти худамон мебошад ва ҳар фарди миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Бо арзи чунин ниятҳои нек тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик ободиву хурсандӣ , хушбахтиву хушрузӣ ва файзу баракат орзу менамоям. 

"Инчунин мукофотҳои давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ собиқадорон ва дигар табақаҳои ҷомеа аз номи Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар охир чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳияҳои вилоят пешкаши тамошобинон гардид.

Лентаи хабарҳо
0