14:54 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

"Мо бе камбудӣ нестем": паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон - видео

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
561 0 0

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо 28-умин солгарди Рӯзи истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ аз заҳматҳои мардум ва дастовардҳои 28-соли истиқлол ёдрас шуда, гуфт, ки то ҳол "дар назди мо вазифаҳои зиёд қарор дорад".

"Албатта, мо ҳанӯз бе мушкилоту камбудӣ нестем. Дар назди мо ҳоло вазифаҳои зиёде қарор доранд", - гуфт раисиҷумҳур.

Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки тамоми мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳои созандагиро бо сарҷамъиву муттаҳидии халқ ва бо заҳмати аҳлонаи сокинони сарбаланд мешавад бартараф ва ҳаллу фасл кард.

"Бо итминон изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навини худ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беш аз пеш саъю талош карда, ба сӯйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор мегузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонанд", - гуфт раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон бо чунин ниятҳо хурду бузурги кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори 28-солагии истиқлол табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистон тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватан сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу кард.

Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Мавзуҳо:
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
Барчаспҳо:
Истиқлолият, истиқлол, табрикот, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ