Акси Эмомалӣ Раҳмон: туҳфаи генерал Аламшозода ба Ёдгор Файзов

Обуна шудан
Ба раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон акси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Генерал Абдураҳмон Аламшозода ба раиси ВМКБ Ёдгор Файзов акси Эмомалӣ Раҳмонро туҳфа кардааст.

Бахшида ба 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ конференсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзӯи "Истиқлолияти давлатӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ" баргузор гардидааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
"Мо бе камбудӣ нестем": паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон - видео

Бино ба гузориши котиботи мақомоти иҷроияи вилоят, дар конфронс муовини сарвазир Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов  ва дигар намояндагони Ҳукумат  ширкат намудаанд.

Кори конфронсро муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Абдураҳмон Аламшозода ҳусни оғоз бахшида оиди дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва пешрафт дар соҳаи ҳуқуқии мамлакат баромад намудааст.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш Зокирзода, Файзов ва олимону донишҷӯён баромад намудаанд.

Дар охири конфронс барои бармадкунандагон тӯҳфаҳои арзишманд аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон тақдим гардидаанд.

"Ба раиси вилоят барои беҳтарин баромад тӯҳфаи арзишманд акси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Абдураҳмон Аламшозода тақдим карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Раҳмон ба фаъолони ВМКБ мукофотҳои давлатӣ фиристод

Лентаи хабарҳо
0