20:43 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Аҳмадзода бо ваколатдори Қирғизистон масъалаи марзиро баррасӣ кард

© Sputnik Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (74)
246 0 0

Дар ин мулоқот таъкид гардидааст, ки масъалаҳои мубрами марбут ба марзи тарафҳо дар асоси протоколу ҳуҷҷатҳои баимзорасида ҳал карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори қабули расмии Қасри Арбоб бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров мулоқот намудааст.

Бояд зикр кард, ки намояндаи ваколатдори Ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ҷиҳати иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овардааст.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков ёдоварӣ карда, зикр доштанд, ки мардуми тоҷику қирғиз бояд бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ муносибатҳоро тақвият бахшанд.

Таъкид гардид, ки масъалаҳои мубрами марбут ба марзи тарафҳо дар асоси протоколу ҳуҷҷатҳои баимзорасида ҳал карда мешаванд.

Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ҳамзамон аз номи худ ва мардуми вилояти Ботканд сокинони Суғди бостониро бахшида ба солгардии 28-умини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми тоҷик шукуфоии минбаъдаро таманно намудааст.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (74)
Барчаспҳо:
марз, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ