02:59 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Баъд аз Роғун ва тантанаҳои ҷашнӣ дар пойтахт Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод рафт

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
715 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баъд аз ба кор андохтани чархаи дуюми нерӯгоҳи “Роғун” ва иштирок дар консерти ҷашнӣ дар пойтахти кишвар субҳи имрӯз ба ноҳияи Муъминобод сафар кард

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 10-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори солгарди 28-уми Истиқлолияти Тоҷикистон ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон сафар кард.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки зимни сафари корӣ қарор аст, раисҷумҳур як қатор иншооти маданӣ-маиширо ифтитоҳ намояд.

“Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони сершумор, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони саодатманду ваҳдатсарои ноҳияи Муъминобод Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза ва шукргузории комил аз ваҳдату суботи саросарӣ пазироӣ карданд”,  - иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин рӯз мардуми ноҳия барои истиқболи роҳбари давлат омада, як барномаи дидании фарҳангиро, ки саршор аз меҳру муҳаббати меҳанпарастӣ буд, манзури ҳозирин гардониданд.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, сафари корӣ, ноҳияи Муъминобод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ