05:22 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон пешгӯӣ намудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 28+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15  ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 12+17  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6  ва   рӯзона  15+20  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
пешгӯӣ, пойтахт, ҳароратӣ, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ