Қарори нави Рустами Эмомалӣ: кӯчаҳои пойтахт боз ҳам обод ва сабзу хуррам мегарданд

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳо дар бораи шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 тасдиқ гардид

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо  мақсади  ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва  майсазор намудани мавзеъҳои пойтахт ба имзо расидааст.

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустам Эмомалӣ: бунёди роҳи автомобилгард бо паҳноии 40 метр ва 8 хати ҳаракат

 Дар қарори мазкур омадааст, ки  корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар  атрофи бинои худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту  буттаҳо,  гулҳои мавсимӣ ва  бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд.

Раиси шаҳри Душанбе  раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдори шаҳрро  вазифадор намуд, ки   барои сари вақт иҷро намудани  чорабиниҳои  мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида,  корҳои ободониву сабзазоркуниро   бо сифати баланд  ва мутобиқ  ба замони  муосир  анҷом  диҳанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0