Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб як гулгашту се боғро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента РТБоздид аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Боздид аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шоми рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоотро мавриди истифода қарор дод

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро мавриди истифода қарор доданд.

Истиқболи Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон
Пешвозу истиқболи бошукӯҳи Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб - Акс

Тавре манбаъ қайд намудааст, макони истироҳатӣ аз ҷониби Кумитаи андози ва Вазорати молияи Тоҷикистон бунёд гардида, дар масоҳати умумии 3 гектар доман густурдааст. Дарозии гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад.

Корҳои сохтмонии гулгашт моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст.

Инчунин дар доираи сафари корӣ Президенти Тоҷикистон дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаро мавриди истифода қарор дод.

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз зимистони сард ва тӯлонӣ

Манбаъ иттиллоъ додааст, ки корҳои сохтмону барқарорсозии боғи мазкур дар давоми чор моҳ бо ҷалби бинокорони маҳалӣ, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб раисҷумҳур бо устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, адибон ва дигар намояндагони аҳли зиёи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

Раисҷумҳур зимни суҳбат бо омӯзгорон таъкид кард, ки барои беҳтар кардани сифати таълим, тарбияи донишҷуён дар руҳияи хештаншиносӣ ва аҳли зиёро ба васфи зебоиҳои сарзамин, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аҳамияти хос диҳанд.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат карду оятҳо аз Қуръони карим қироат кард

Вай қайд кардааст, ки дар мардум бояд ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти сарзамин арҷгузорӣ намуда, барои насли оянда як кишвари пешрафтаро ба мерос гузоранд.

Инчунин, дар доираи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии Хуталонро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ додааст, ки оғози корҳои навсозию барқароркунӣ дар боғи мазкур, моҳи феврали соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2019 аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба анҷом расидааст.

Раҳмон ба сохтмони роҳи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшид

Боғи “Хуталон” дар масоҳати умумии беш аз 5 гектар бунёд гардида аст.

Ҳамзамон шоми 10 сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид кард.

Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Кӯлоб фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ кард

“Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд намудааст, ки лоиҳаи боғро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошта, он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминийи Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0