16:53 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Аҳмадзода: як моҳ муҳлат шикояту дархостҳои сокинони ноҳияи Айниро қонеъ намоед

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
363 0 0

Беш аз 30 сокини ноҳияи Айнӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки имрӯзҳо бо сафари корӣ дар ин минтақа қарор дорад, арзу шикоятҳои худро расонданд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар толори мақомоти ноҳияи Айнӣ қабули шаҳрвандонро доир намуд, ки дар он муовинони раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят 30 нафар сокинон бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла баҳсҳои вобаста ба замин, таъмин шудан бо об, бунёди бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳо шикоят намуданд.

Раиси вилоят пас аз қабули шаҳрвандон таъкид намудааст, ки дар ноҳияи Айнӣ, хусусан дар деҳот ҳанӯз ҳам масъалаю муаммоҳои ҳалталаб зиёданд ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар самти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Дувоздаҳ ноҳияи беадвокати кишвар: ҳуқуқи сокинонро кӣ дифоъ кунад?

Дар ҳамин ҳол, ба роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта эътибори алоҳида зоҳир намоянд.

Раиси вилоят ба масъулин барои ҳалли саривақтии муроҷиатҳо як моҳ муҳлат дод.

Барчаспҳо:
қабули шаҳрвандон, шикоят, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ