07:16 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Девушки с веером в Таджикистане

Обуҳавошиносон: ҳарорати ҳаво дар пойтахт то 30 дараҷа боло меравад

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тавре Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 28+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш шуда, ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14  ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 13+18  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6  ва   рӯзона  16+21  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
пойтахт, Ожонси обуҳавошиносӣ, ҳарорати ҳаво, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ