08:45 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Навсозии хиёбону биноҳои Душанбе, акс аз бойгонӣ

Ҳисоботи мақомот аз рангубори биноҳо дар Душанбе

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
152 0 0

Мақомоти Душанбе гузориш доданд, ки дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 76 бино, Сино 298 адад, Фирдавсӣ 115 адад ва Шоҳмансур 133 адад биноҳои истиқоматию маъмурӣ рангубор ва навсозӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳусниддин Саидмуъминов, муовини якуми сардори Сарраёсати меъморӣ  ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе мегӯяд, таҷдиди  намои  биноҳо дар  кӯчаҳои протоколӣ — хиёбони Рӯдакӣ,  кӯчаҳои С. Айнӣ ва А. Дониш  ба анҷом расид.

Ӯ афзудааст, рангуборкунӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорону эҳсонкорон амалӣ мешавад.

“Танҳо ҳангоми таҷдиду рангубори намои биноҳое, ки дар ошёнаҳои 1–уми онҳо мағозаву дигар марказҳои савдову хизматрасонӣ ҷойгиранд, соҳибкорон, яъне соҳибони ин марказҳо  ҷалб мешаванд. Онҳо танҳо дару тиреза ва шишаҳои  мағозаву марказҳои худро  ба лоиҳаи тасдиқшуда  мутобиқ сохта, харҷи онро аз ҳисоби худ ба анҷом мерасонанд”, - навиштааст “Ховар” аз қавли Саидмуъминов.

Ахиран Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали шаҳрдори Душанбе иттилоъ дод, ки нақшаи рангубори беш аз 2 ҳазору 200 бино ва сохтмони 133 бинои баландошёнаро доранд.

Тибқи иттилои Зувайдзода, дар 3 соли оянда бунёди 21 мактаб барои 18 594 ҷойи нишаст, 74 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 24 сартарошхона ва кошонаи ҳусн, сохтмони 133 биноҳои баландошёна ва рангубори 2224 бино пешбинӣ шудааст.

Ноиби раиси Душанбе дар мавриди ҷамъоварии маҷбурии маблағ аз сокинон барои рангубори биноҳо изҳор дошт, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, аз шаҳрвандон даъват намуд, алайҳи масъулине, ки чунин талаб мекунанд, ба шаҳрдорӣ муроҷиат кунанд. Ӯ эътироф кард, ки маблағи буҷа барои таъмири ҳамаи баш аз 2 ҳазор бино намерасад ва тавзеҳ дод, ки бо дастгирии соҳибкорон ва афроди саховатпеша ин корро амалӣ хоҳанд кард.

Кумитаи меъморӣ: арзиши хона дар Тоҷикистон арзонтар шудааст

Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе дар маҷмуъ теъдоди биноҳое, ки ниёз ба таъмир доранд, ҳудуди 4 ҳазору 700 ададро ташкил медиҳанд.

Барчаспҳо:
Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ