22:22 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Стройка новой мечети в Душанбе

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе моҳи октябр ифтитоҳ мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
384 0 0

Сохтмони бузургтарин масоҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва дар назар аст, ки дар ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Интизор меравад, бузургтарин масҷид дар миқёси Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе қарор дорад, дар кӯтоҳтарин фурсат ба истифода дода шавад, хабар медиҳад агентии Авеста.

Нахуст санги асос барои сохтмони ин масоҷид, ҳанӯз моҳи октябри соли 2003 гузошта шуда буд.

Гуфта мешавад, лоиҳаи ин бинои беназири диниро, меъморон аз Тоҷикистон ва Қатар омода намуданд ва арзиши лоиҳа 100 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Сармоягузорӣ асосии масоҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ ҳукумати Қатар мебошад.

Қобили зикр аст, ки бузургтарини масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз 4 манораи баландиашон 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Сарозер шудани 9 усто дар бинои масҷиди нав аз баландии 60 метр ба замин

Дар ин масҷид то 150 ҳазор нафар метавонанд дар як вақт намоз гузоранд.

Манбаъ меафзояд, ифтитоҳи масоҷиди мазкур моҳи октябри соли равон сурат мегирад.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, масоҷид, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ