Намунаи ибрат: паёми шодбошии Ёдгор Файзов ба Шакармамад Мирмамадов

© Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба варзишкорон - Шакармамад Мирмамадов, Ёқуб Боқиев, Сорбон Эркаев ва Раҳматуллоев Фарҳод паёми шодбошӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ҳукумати ВМКБ, Файзов дар паёмаш Шакармамад Мирмамадов, Ёқуб Боқиев, Сорбон Эркаев ва Раҳматуллоев Фарҳодро мояи ифтихор хондааст.

Борьба гуштингири, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шакармамад Мирмамадов барандаи шоҳҷоизаи Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ шуд

Дар номаи шодбошии раиси вилоят омадааст, ки рӯзҳои охир варзишгарони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи кишвар пирузиҳоро ба даст оварданд, ки ин барои кулли мардуми Бадахшон боиси ифтихор мебошад.

Варзишкори машҳури тоҷик Шакармамад Мирмамадов, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе соҳиби шоҳҷоизаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид далели гуфтаҳои боло мебошад.

"Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза фарзандони ба номуси миллат Шакармамад Мирмамадовро барои пирузӣ Ёқуб Боқиев, Сорбон Эркаев ва Раҳматуллоев Фарҳод барои пирузиҳояшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям", - омадааст дар паёми шодбошии раиси вилоят.

Навори пурраи рақобати Шакармамад ва Саидҷалол барои шоҳҷоиза

Файзов ин амали ҷавонмардонаи варзишкоронро барои тамоми ҷавонони Тоҷикистон намунаи ибрат хондааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар шаҳри Душанбе сабқати ҷумҳуриявӣ оди ба куштии миллӣ ҷамъбаст шуд.

Паҳлавони номдори тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки дирӯз дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд, соҳиби медали тилло шуда, сазовори Шоҳҷоиза-мошини "Мерседес бенс" гардид.

Лентаи хабарҳо
0