Ҳавои камабру бебориш: дамои ҳаво дар Душанбе то 30 дараҷа гарм мешавад

CC0 / pexels / Горный туризм, архивное фото
Горный туризм, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабру бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар  шаҳри Душанбе имрӯз ҳавои камабру бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 28+30  дараҷа гарм мешавад.

Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрноки  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 13+18  дараҷа  гарм мешавад.

Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва баъзан 11-16 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва   рӯзона  19-24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад.

Борони кӯтоҳмуддату раъду барқ: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+11  ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0