Ҳавои камабру бебориш: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДорога к озеру Искандеркуль, архивное фото
Дорога к озеру Искандеркуль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Обуҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ карданд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабру бебориш шуда, гармии ҳаво то 34 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тавре Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст имрӯз обу ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 32+34  дараҷа гарм мешавад.

Город Дангара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво камабри бебориш мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14  ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва   рӯзона  21-26  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0