09:52 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
468 0 0

Музаффар Ҷорубов мудири иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз фаъолияти Донишгоҳ гузориш дод

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов, Музаффар Ҷорубов мудири иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Дастанбуй Мамадсаидов менеҷери барномаи рушди шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғро, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои Ҳукумати вилоят, зимни суҳбат роҳбарияти ДОМ оиди шароити фароҳамовардашуда дар шаҳраки ДОМ ба раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ахборот додааст.

Оғози Довталаб -2019 бо 2 навгонӣ: дохилшавӣ ба “ДОМ”-и Оқохон низ тариқи МТС мешавад

"Донишҷӯёни ДОМ бо тамоми шароитҳои муосир ва талаботи ҷаҳони ҷавобгӯ таъмин мебошанд. Дар донишгоҳ имрӯз аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва давлатҳои Осиёи Марказй таҳсил карда истодаанд. Онҳо ба фарҳангу тамаддуни тоҷиконаи мардуми Бадахшон шинос мегарданд ва бо ҳамдигар муносибати хеле хуб доранд, ки ин яке аз ниятҳои неки ДОМ мебошад", - гуфтааст Ҷорубов.

Ба иттилои манбаъ, соли 2019 дар ДОМ 145 нафар донишҷӯ дохил гардидааст, ки 74 % донишҷӯёнро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Боқимонда аз давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон мебошанд.

Барои чӣ меъмори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - “UCA” ҷоизаи Притзкер гирифт?

Манбаъ афзуда, ки дар ДОМ омӯзиши забони давлатӣ ва омӯзиши фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки ДОМ бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамкориҳои судманд дорад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба омӯзишҳои илми ва технологияҳои муосир фаро гирифта мешаванд.

Барчаспҳо:
гузориш, фаъолият, ДОМ, ВМКБ, Хоруғ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ