22:26 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон аз "Тоҷикон" мисол оварду номи қадимии Файзободро гуфт

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
117310

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни дидору мулоқот бо фаъолонги ноҳияи Файзобод аз таърихи ин макон нақл кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ноҳияи Файзобод яке аз гӯшаҳои бостонии кишварамон буда, тибқи маълумоти муаррихон таърихи беш аз дуҳазорсола дорад.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, дар китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки шаҳри Вашгирд, яъне Файзободи имрӯза дар байни рӯдҳои Кофарниҳону Вахш ҷой дошта, дар баробари Чағониён, Аҳорун, Шумон ва Кумод як мулки ободи минтақа ба ҳисоб мерафтааст.

Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Вашгирд дар аввали асри якуми мелодӣ ба вуҷуд омада, дар асрҳои 9-11 яке аз марказҳои калонтарини маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва тиҷорати Бохтари Шимолӣ ба шумор мерафт. Шаҳр дорои қалъа, шаҳристон ва работ будааст, ки бозмондаҳои он то ҳол бо номи Қалъаи сангин мавҷуданд.

Баҳои баланди Раҳмон ба ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорони Файзобод

Дар натиҷаи ҳафриёти харобаҳои Вашгирд маълум гардид, ки дар асрҳои миёна, яъне аз асрҳои 3-2 то милод то асрҳои 6-16 мелодӣ шаҳри Вашгирд макони обод ба ҳисоб рафта, дорои Қалъаи сангин, Қалъаи Фотимаи Зуҳро ва шаҳристону работ будааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки мардуми Файзобод бо таъриху фарҳанги худ ифтихор менамоянд. Оромгоҳи имрӯзаи деҳаи Сари Чашма дар қатори 27 мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун мамнуъгоҳи таъриху фарҳанг ба қайд гирифта шудааст.

Таърихи куҳани ноҳия ва таҷрибаи шахсони обрӯманди он аз насли бузургсоли имрӯза, аҳли зиё ва падару модарон тақозо менамояд, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги халқамон, муқаддасоти Ватан, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоянд.

Калиди хона: туҳфаҳои Раҳмон ба маъюбону ятимон дар Файзобод

"Сокинони Файзобод табиатан адабпарвару суханшинос, дӯстдори санъату фарҳанг ва илму ҳунар мебошанд. Шоирону санъаткорон – фарзандони ноҳия дар рушди илму фарҳанги кишварамон саҳми арзишманд гузоштаанд ва дар байни мардуми Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он маъруфанд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур афзуд, ки зарур аст, ки анъанаҳои неки онҳо ба хотири тарбияи наврасону ҷавонон, ба воя расонидани истеъдодҳои нав ва рушди боз ҳам бештари илму фарҳанги миллиамон идома дода шаванд.

Барчаспҳо:
фаъолон, дидору мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Файзобод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ