Кашфи пахтаи навъи “Тоҷикистон” ва иштироки раиси вилояти Хатлон дар ҷамъоварии он

© AFP 2023 / STR / AFPХлопок, архивное фото
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулини вилоят дар маросими ҷамъоварии пахта ба деҳаи ба номи Лоиқ Шералии Ҷамоати деҳоти "Нури Вахш"-и ноҳияи Дӯстӣ иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз, 22 сентябр, дар деҳаи ба номи Лоиқ Шералии Ҷамоати деҳоти "Нури Вахш"-и ноҳияи Дӯстӣ ҳашари умумӣ барои ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими пахтачинӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раиси ноҳияи Дӯстӣ ва ташкилотҳои ноҳиявӣ, ҷамъан зиёда аз 3000 нафар ба кӯмаки деҳқонон пайвастанд.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Чаро ба раиси ноҳияи Шаҳритуз 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ доданд

Манбаъ зикр намудааст, ки дар саҳро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин бо намояндагони ширкати ҶСП  “Ҷунгтай Хатлон Синсилу” суҳбат кард.

“Ин ширкат дар ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 2243 гектар пахта кишт кардааст. Гуфта шуд, ки ин навъи хитойии пахта буда, ҳосилнокиаш ба ҳисоби миёна 40 сентнер аз як гектарро ташкил медиҳад. Қарор шудааст, ки ин навъи пахтаи хушсифат ва серҳосилро “Тоҷикистон” ном диҳанд”,- таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар ғунучини ҳосил аз техникаи муосир низ истифода мешавад.

“ҶСП “Ҷунгтай Хатлон Синсилу” дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ корхонаи коркарди пахта дорад ва ҳосили ҷамъоваришуда дар ин ҷо коркард мешавад”,- маълумот додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.

Ҳамзамон манбаъ ёдрас шудааст, ки рӯзи 21 сентябр кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ 508 тонна ва аз аввали мавсим 6647 тонна пахта чидаанд, ки ба 38,7%-и дурнамои солона баробар аст.

Лентаи хабарҳо
0