11:45 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Қоҳир Расулзода ба шаҳри Ню-Йорки Амрико рафт

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
108620

Сарвазири Тоҷикистон ба шаҳри шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кард то дар Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ ва дигар мулоқоту музокирот ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ кунад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мулоқоту музокирот ҳайати Тоҷикистонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар".

Дар баробари намояндагони дигар кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҳамоишу саммити мазкур баромад намуда, аз ташаббусҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи солимии ҷомеа ва иқлим, аз ҷумла об ва ҳифзи муҳити зист ёдовар гардид.

Ёдрас мешавем, дирӯз дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар ҳошияи Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиш таҳти унвони “Фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ” ва  Саммити иқлим баргузор гадид. Дар ҳамоиши  “Фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ” ва  Саммити иқлим намояндагони беш аз 190 кишвари дунёро ба ҳам овард.

Барчаспҳо:
иштирок, Маҷмаи умумии СММ, маҷмаи умумӣ, Ню-Йорк, СММ, Қоҳир Расулзода, сарвазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ