Мақомдорони Суғд мехоҳанд соҳибкорон Ватанро обод кунанд

Обуна шудан
Мақомдорони шаҳри Бӯстон аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват карданд, дар ободонии маҳалли зист саҳмгузор бошанд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода  бо соҳибкорону тоҷирони шаҳри Бӯстон мулоқот кардаанд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, мулоқот бо сухани раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оғоз гардида, номбурда оид ба рафти иҷро корҳо бахшида ба 30 -солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дастурҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи мактаби бунёдкардаи соҳибкор Абдухалил Ғуломов дар ноҳияи Рӯдакӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ғуломов 21 миллионашро доду боз бунёди мактаби дигарро дар Кӯлоб ба уҳда гирифт

Манучеҳр Каримзода дар ноҳияи Файзобод шаҳраки замонавии "Сомониён" месозад - акс

Манбаъ афзуда, ки мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бӯстон Меҳроҷиддин Муллоев оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҳисобот додааст.

Роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Бӯстон, Маҳмадсаид Шоҳиён оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти пуштибонии Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро баён дошта, таъкид кардааст, ки Истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти он аз ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос тақозо мекунад, ки дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошад.

Баҳои баланди Раҳмон ба ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорони Файзобод

"Роҳбари гуруҳи корӣ аз соҳибкорону саховатмандон баҳри саҳмгузорӣ дар рушди босуботи Ватан даъват ба амал овард", - омадааст дар хабарнома.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода зикр кардааст, ки тамоми сокинон ва фаъолони шаҳр баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ва саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.

Лентаи хабарҳо
0