06:24 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Қарори нави Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи забон дар Душанбе

© Сайт мэрия Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
424 0 0

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии  Тоҷикистон қарореро дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расонд.

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе.

Тибқи барномаи мазкур дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ–амалӣ, аз ҷумла, маҷлиси тантанавӣ ва конференсия таҳти унвони “Умри миллат аз умри забон вобаста аст” ва   доир намудани  барномаи фарҳангию фароғатӣ дар Боғи  ба номи Садриддин Айнӣ дар назар дошта шудааст. 

 Дар  барномаи идона ҳамчунин намоиши китоб баргузор гардида, дар он  дастовардҳои олимону муҳаққиқони соҳа  манзури иштирокдорон  мегардад. 

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳр қайд намудааст, қарори мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ба имзо расидаасидааст.

Қарори Рустам Эмомалӣ: бунёди роҳи автомобилгард бо паҳноии 40 метр ва 8 хати ҳаракат

Тибқи санади мазкур тамоми муассисаву ташкилотҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон  маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.

Дар ҳамин ҳол, масъулин,  аз ҷумла, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  муваззаф гардидаанд,  ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳоро доир ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон таъмин намоянд.

Барчаспҳо:
тасвиб, Душанбе, шаҳрдор, Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳр, қарор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ