17:37 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Пешсафии Мирзиёев: нахустин шуда Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлуд шодбош гуфт

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
104220

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз 67 - умин солрӯзи худ ҷашн мегирад. Ба ин муносибат раисҷумҳури Узбакистон нахустин шуда барои шодбошӣ гуфтан ба Раҳмон занг зад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистон пешсафӣ намуда, аз миён дигар сарони давлатҳо нахуст шуда Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлудаш шодбош гуфт.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон занг зада ӯро бо 67 - умин солгардаш сидқан муборакбод намуд.

Номаи Аълоҳазрат Оқохони IV ба Эмомалӣ Раҳмон

Мирзиёев дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон  ба ӯ таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил таманно намуда, дар симои ӯ ба  кулли мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу намуд.

Зодрӯз муборак: табрикоти Эмомалӣ Раҳмон

Манбаъ меафзояд, зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи  Тоҷикистон ва Узбакистон дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ иброз доштанд.

Барчаспҳо:
шодбошӣ, Шавкат Мирзоев, Эмомалӣ Раҳмон, зодрӯз, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ