11:45 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Сирийский флаг на фоне разрушенного дома в сирийском городе Маалюля

Зубайдулло Зубайдов: Тоҷикистон аз ҳокимият ва истиқлоли Сурия ҳимоят мекунад

© Sputnik / Дмитрий Виноградов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
575 0 0

Сафири Тоҷикистон дар Кувейт дар маъмурияти расмӣ ба Димишқ эълон кардааст, ки Тоҷикистон аз ҳокимият ва истиқлоли Сурия ҳимоят мекунад ва дар канори он барои мубориза бо терроризм, то расидан ба пирӯзии комил меистад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувейт, ки дар як маъмурияти расмӣ дар Димишқ ҳузур дорад, дар гуфтугӯ бо хабаргузории расмии Сурия, Сано пирӯзии Сурия ва мардуми он бар терроризмро "шигифтангез ва олӣ" тавсиф кард.

Вай гуфт, ин пирӯзӣ бидуни муқовимати мардум ва пуштибонии онҳо аз раҳбарии Башор Асад мумкин набуд.

Зубайдов бо ишора ба ин, ки кишвараш дар солҳои ҷанги дохилии худ низ дар даврони ҷангу бесуботии Афғонистон, аз терроризм ранҷ бурдааст, бар аҳамияти кишварҳо дар мубориза бо терроризм таъкид кард.

Кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шуданд ба оилаҳову наздиконашон дода нашудаанд

Фиристодаи Тоҷикистон ба Дамишқ ибрози умедворӣ кард, ки кишвараш битавонад дар марҳилаи бозсозии Сурия мушорикат кунад ва дар пеши рӯ шоҳиди табодули ҳайатҳо байни ду кишвар, бахусус дар заминаи гардишгарӣ бошад.

Зубайдов бо ишора ба дидори рӯзи ҷумъаи худ бо Файсал Алмиқдод, муовини вазири хориҷаи Сурия ва гуфтугӯ дар бораи тақвияти равобити дуҷониба, табодули ҳайатҳои дипломатӣ гуфт, ки  умед аст арзёбиҳои кишвараш бо Дамишқ ба зудӣ дар сатҳи Вазорати хориҷаи ду кишвар оғоз шавад.

Ҳамзамон вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 2 октябри соли равон дар шаҳри Димишқ мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Сурия Файсал ал-Миқдод баргузор гардид.

Дар мулоқот тарафҳо масъалаи муайян намудани шахсияту шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар, роҳҳои баргардонидани онҳо ба Ватан, ҳамчунин густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм бо дарназардошти таҷрибаи фаровони он кишвар дар ин самт мавриди баррасии қарор гирифт.

Инчунин тарафҳо дар атрофи вазъияти минтақаи Ховари Миёна табодули назар карданд.

Барчаспҳо:
Зубайдулло Зубайдов, сафир, шаҳрвандон, баргардонидан, терроризм, ҳимоят, истиқлол, ҳамкорӣ, Сурия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ