Рустами Эмомалӣ қарори навбатиро ба тасвиб расонд

© Сайт мэра города ДушанбеРустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе
Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чорабинии "Пушидашавии мавсими мотосиклронӣ-2019" санаи 12 октябри соли равон баргузор мешавад. Қарори дахлдорро шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 10 окт – Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қароре ба имзо расонд, ки тибқи он санаи 12 октябри соли равон  маъракаи "Пушидашавии мавсими мотосиклронӣ-2019"  баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи забон дар Душанбе

Бар тибқи қарори мазкур, Рустами Эмомалӣ ба клуби мотосиклронҳои "Ирбис МСС Тоҷикистон барои баргузор намудани чорабинии мазкур рӯзи 12 октябр аз соати 12:00 то 15:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ иҷозат додааст.

Манбаъ меафзояд, макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" аз соати 12:00 то 15:00 муайян карда шудаст.

Зимнан, ҳаракати қатораи иштирокчиён бо ҳамроҳии  автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВУД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии "Боғи "Ғалаба" ва нигоҳдории  ҷангал" ба роҳ монда мешавад.

Қарори нави Рустами Эмомалӣ: кӯчаҳои пойтахт боз ҳам обод ва сабзу хуррам мегарданд

Шаҳрдори Душанбе ба хотири дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани чорабинии мазкур, ба раёсатҳои ВУД, КДАМ, тандурустӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Лентаи хабарҳо
0