21:40 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
День 10 октября

Ҷашнҳои рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
88 0 0

Рӯзи 10 октябр Рӯзи ҷаҳонии солимии рӯҳӣ, мубориза бар зидди ҳукми қатл ва рӯзи ҷаҳонии паст намудани сатҳи офатҳои табиӣ мебошад. Ҳамзамон дар ин рӯз нахустин маротиба шабакаи иҷтимоии ""ВКонтакте" оғоз ба фаъолият намуд

Рӯзи 10 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1960 дар Ҳиндустон бар асари тӯфони шадид 4 ҳазор нафар ҷон дод.

 

Дворец Тадж-Махал в городе Агра.
© Sputnik / Сергей Мамонтов
Дворец Тадж-Махал в городе Агра.

 

Соли 1964 дар Токио Бозиҳои XVIII олимпӣ оғоз ёфт.

Соли 1933 дар Амрико бори нахуст дар ҷаҳон хокаи ҷомашӯӣ ба фурӯш гузошта шуд.

Соли 1995 қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот Гарри Каспаров бори охир унвони қаҳрамонии худро ҳифз кард.

 

Гарри Каспаров
© Sputnik / Сергей Пятаков
Гарри Каспаров. Архивное фото

 

Соли 2006 нахустин бор шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ба фаъолият оғоз кард.

Рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1948 аввалин Спартакиадаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар Сталинобод сурат гирифт.

Соли 2007 Дар Тоҷикистон нахустин бор "Рӯзи фалак " ҷашн гирифта шуд.

 

Давлатманд Холов ва гурӯҳи Фалак дар Маскав
Давлатманд Холов ва гурӯҳи "Фалак" дар Маскав

 

Соли 2012 дар Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини мулоқот намуданд.

Соли 2013 дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон  бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ гардид, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд.

Соли 2014 дар шаҳри Минск Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 октябр 

  • Дар Тоҷикистон Рӯзи "Фалак".
  • Рӯзи ҷаҳонии паст намудани офатҳои табиӣ.
  • Дар Аврупо рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.
  • Рӯзи ҷаҳонии солимии рӯҳӣ.   

Рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Саидалӣ Вализода (1900-1970) - шоир.

Салӣ Раҷабов 1912 - доктори илмҳо ҳуқуқ, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Рауф Баротов 1921 - академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, дорондаи ҷоизаи ба номи абӯалӣ ибни Сино.

Абдуҳамид Ҷураев  1932 - доктори илмҳои физика- математика, академики Академияи илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ.

Маҳмудҷон Воҳидов (1939-1977) - ҳунарманди театр ва кино, Ҳунарманди халкии Тоҷикистон.

Мастибек Паллаев (1939 -1984) - Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.

Фарҳод Зикриёев 1940 - доктори илмҳои филологӣ.

Аскар Ҳаким 1946 - шоири халқии Тоҷикистон.

Ҷамолиддин Нуралиев 1977 - Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
ҷаҳон, таърих, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ