13:16 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Выставка Iran Expo-2014 в Душанбе

Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “EXPO -2019 BEIJING” соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид

© Sputnik Игорь Лекаркин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
224 0 0

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “EXPO -2019 BEIJING”миёни 110 кишвари ҷаҳон соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “EXPO -2019 BEIJING”, ки таҳти шиори “Боғдорӣ барои рушди деҳот” аз 29 апрел то 7 октябр  дар шаҳри Пекини баргузор шуд, соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Меваҷоту сабзиҷот, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷоизаи тиллоӣ тибқи қарори Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ, дар асоси хулосаи комиссияи байналмилалӣ дар номинатсияи “Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ” аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқати мавзӯъ, муаррифӣ ва ташкили кори ғурфаҳо ва тарҳи меъморӣ ба Тоҷикистон тақдим гардид.

Ба гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “EXPO -2019 BEIJING”  дар рӯзҳои корӣ  то 25 ҳазор нафар ва рӯзҳои истироҳатӣ то 45 ҳазор шаҳрвандони Чин ва хориҷӣ дидан мекарданд.

Дар ин намоишгоҳ беш аз 110 давлати ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилотҳо аз  Чин иштирок карданд.

Дар намоишгоҳи мазкур Тоҷикистон мутобиқ ба мавзӯъ дастовардҳои соҳаи боғдорӣ, назири меваҳои тару тозаи экологӣ, меваҳои хушк, афшураи меваҳо, асал, обҳои ташнагишикани “Сиёма” ва дигар маҳсулоти ширкат ва корхонаҳоро муаррифӣ намуд.

Инчунин, намояндангони Тоҷикистон дар намоишгоҳи худ аз имкониятҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ намуданд.

Барчаспҳо:
маҳсулот, Чин, тилло, ҷоиза, намоишгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ